Чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз имсол дар Суғд баргузор мешаванд

Имсол тантанаҳои наврӯзии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд доир мегарданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, шуъбаву раёсатҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯз вазифадор шудаанд. Гуфта мешавад, тибқи нақшаи тасдиқшуда бахшида ба Иди Наврӯз ташкилу баргузории як қатор […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имсол тантанаҳои наврӯзии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд доир мегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, шуъбаву раёсатҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯз вазифадор шудаанд.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи тасдиқшуда бахшида ба Иди Наврӯз ташкилу баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, гузаронидани ҳашарҳои оммавии вилоятӣ ва иқдомҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” дар назар аст.

Ҳамчунин мусобиқаҳои миллии “Пойга”, “Бузкашӣ”, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, аёдати шахсони барҷомонда, ятимону маъюбон, фестивали “Сайри гули лола”, маҳфили “Фасли Наврӯз ба ин давраи фирӯз омад”, озмунҳои “Бонуи наврӯзӣ”, “Маликаи баҳор”, “Арӯси наврӯзӣ”, “Ҳафт син”, “Ҳафт шин”, “Нақшхони беҳтарин”, “Наврӯз – ҷашни ниёгон” ва ғайраҳо баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.