Даъвои ҷуброни 1 млн. рубл ба тоҷикистонии дар метрои Маскав тирхӯрда қонеъ шуд

Даъвои шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов дар бораи ҷуброни зарар ба маблағи 1 млн. рубл қонеъ шуд. Соли 2016 миллатгарои рус Сергей Сарёв дар метрои Маскав ӯро таҳқир карда, ба сӯяш тир парронда буд. Суди ноҳияи Черёмушкино дар бораи пардохти ҷуброни зарари моддӣ ба маблағи 589 377 рубл ва зиёни маънавӣ дар ҳаҷми 750 000 рубл ба ҷабрдида ҳалнома […]

Даъвои шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов дар бораи ҷуброни зарар ба маблағи 1 млн. рубл қонеъ шуд. Соли 2016 миллатгарои рус Сергей Сарёв дар метрои Маскав ӯро таҳқир карда, ба сӯяш тир парронда буд.

Суди ноҳияи Черёмушкино дар бораи пардохти ҷуброни зарари моддӣ ба маблағи 589 377 рубл ва зиёни маънавӣ дар ҳаҷми 750 000 рубл ба ҷабрдида ҳалнома содир кард.

Тавре дар торнамои Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” хабар дода мешавад, манфиатҳои тоҷикистониро дар суд адвокат аз ҳамин ташкилот ҳимоя кардааст.

Баъд аз ду соли содир шудани ҷиноят додгоҳи мазкур Сергей Сарёвро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста, ӯро ба 10 солу 3 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум намуд.

Гуфта мешавад, суд нахуст баррасии даъво дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ ба ҷабрдида Сулаймон Саидовро рад намуда, танҳо пас аз пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳо дар бораи ҷароҳатгириву муолиҷаи беморӣ ва дар заминаи бадбинӣ содир шудани ҷиноят, ин даъворо баррасӣ кардааст.

Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” аз болои маблағи ҷуброни зарари моддӣ шикоят бурданист, зеро бар ин назар аст, ки суд хароҷоти минбаъдаи Саидовро барои муолиҷа ба инобат нагирифтааст.

Аммо хавфи он вуҷуд дорад, ки дар асл Сулаймон Саидов маблағро пурра гирифта наметавонад.

Тавре ҳуқуқшинос Андрей Сотников қайд мекунад, “ин ҷо сари рӯёнидани ҷуброн аз шахси воқеӣ сухан меравад, ки айни замон 10 сол муҳлати ҷазоро адо мекунад”.

“Ин муҳлати зиёд буда, дар зиндон чандон кор ҳам нест. Агар ҳатто Сарёв пас аз 10 сол ба озодӣ барояд, тибқи қонун, судиҷрочиён маблағи ҷубронро аз ӯ ҳар моҳ 50% аз ҳама гуна даромадаш мегиранд, аммо агар ӯ алимент диҳаду қарз ё дигар уҳдадориҳои пулӣ низ дошта бошад, пас ин ҳама мутаносибан тақсим мешавад”, – мегӯяд Сотников.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.