“Истиқлол” аз “Ал-Аҳлӣ” шикаст хӯрда, акнун дар Ҷоми КФО-2020 бозӣ мекунад

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО аз тими мизбон – “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, тӯби ягонаро дар ин вохӯрӣ футболбозони араб дар дақиқаи 91-уми бозӣ аз зарбаи 11-метра ба ҳадаф расониданд. Гуфта мешавад, акнун “Истиқлол” дар минтақаи Марказии мусобиқаи Ҷоми […]

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО аз тими мизбон “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, тӯби ягонаро дар ин вохӯрӣ футболбозони араб дар дақиқаи 91-уми бозӣ аз зарбаи 11-метра ба ҳадаф расониданд.

Гуфта мешавад, акнун “Истиқлол” дар минтақаи Марказии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «D» қаҳрамони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа бо тимҳои “Дордой” (Қирғизистон), “Олтин-Асир” (Туркманистон) ва ғолиби ҷуфти плей-офф рақобат хоҳад кард.

Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар марҳилаи плей-офф бо ғолиби даври интихобии вохӯрӣ байни тимҳои “Нефтчӣ” (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон) бозӣ мекунад.

Бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар минтақаи Марказӣ 11-уми март оғоз мешаванд. Дар даври аввал “Истиқлол” дар майдони худ тими ғолиби ҷуфти марҳилаи плей-оффро қабул мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.