Шумори қурбониён аз коронавирус ба 132 нафар расид

Шумори расмии сироятшудагони коронавируси нав ба 6053 нафар расид. Дар ин бора South China Morning Post бо истинод ба маълумоти мақомоти тиббии Чин хабар медиҳад. Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, ин рақам нисбат ба шумори касоне, ки соли 2003 дар Чин ба бемории илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ гирифтор шуда буданд, зиёдтар аст. Он замон тӯли нуҳ моҳ […]

Шумори расмии сироятшудагони коронавируси нав ба 6053 нафар расид. Дар ин бора South China Morning Post бо истинод ба маълумоти мақомоти тиббии Чин хабар медиҳад.

Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, ин рақам нисбат ба шумори касоне, ки соли 2003 дар Чин ба бемории илтиҳоби шуши ғайримаъмулӣ гирифтор шуда буданд, зиёдтар аст. Он замон тӯли нуҳ моҳ ҳамагӣ 5327 нафар ба ин беморӣ мубтало гардиданд.

17 сол пеш бар асари сироятёбӣ аз вируси SARS 349 нафар ҳалок шуданд. Феълан шумори умумии фавтидагон ба 132 нафар расида, мутахассисон аз эҳтимол дур намедонанад, ки ин рақами ниҳоӣ нест.

Зикр мешавад, ки дар берун аз ҳудуди Хубэй дар Чин 6 нафар фавтидаанд. Ҳукумати Чин тасдиқ кардааст, ки аксари ин фавтидагон шахсони пиронсол буда, бо вазъи солимиашон мушкилӣ доштанд.

Табибони Чин бовар доранд, ки муддати 10 рӯзи наздик вирус ба авҷи хуруҷи худ расида, сипас вазъ ба эътидол меояд. Ба ақидаи мутахассисони донишгоҳи Ҳонконг, шумори беморон дар шаҳрҳои бузурги Чин моҳҳои апрел-май ба ҳадди ниҳоӣ мерасад.

Ба ғайр аз Чин, ҳолатҳои сироят ба ин вирус, ки аз як шахс ба шахси дигар мегузарад, дар ИМА, Фаронса, Олмон, Австралия, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Бемор ба гумони сироятёбии вируси 2019-nCoV ҳамчунин дар Тибети Чин муайян шуда, агар ташхис тасдиқ шавад, ин маънои онро хоҳад дошт, ки коронавирус дар тамоми субъектҳои Чин паҳн шудааст.

Хуруҷи коронавирус нахуст моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи  паҳншавии беморӣ, дар Ухан ва боз якчанд шаҳрҳои вилояти Хубэй карантин эълон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.