Саридораи геология: “Тилло дар 40 кони Тоҷикистон истихроҷ мешавад”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании тиллову нуқра, металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо, сангҳои нодиру қиматбаҳо ва ороишотӣ мебошад.

“Соли гузашта дар Тоҷикистон тиллову ангишт, омехтаи регу шағал, ашёи хоми истеҳсоли семент, оҳаксанг, санги регӣ, газ ва нафт истеҳсол шуд, – гуфт ӯ. – Соли 2019 ба Комиссия оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки кишвар барои баррасӣ ва баргузории ташхис 44 ҳисобот пешниҳод гардид”.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа захираҳо аз рӯйи категорияҳои гуногуни канданиҳои фоиданок ҳисобу китоб карда шуданд.

Соли гузашта ба шахсони воқеӣ иҷоза доданд, ки дар қитъаҳои ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳо сабтнашуда тилло ва дигар канданиҳои фоиданок истихроҷ кунанд.

Марбут ба ин масъала дар Саридораи геология харитаи маҳалро барои истихроҷи тилло аз ҷониби шахсони хусусӣ дар 5 минтақаи кишвар таҳия карданд. Айни замон дар 40 кон тилло истихроҷ мешавад.

Оймаҳмадзода ҳамчунин хабар дод, ки дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо 48 ширкат шартномаҳо баста шудааст. Фонди иттилооти геологӣ дар бораи боигариҳои зеризаминӣ аллакай ба ширкатҳо доир ба омӯзиши як қатор конҳо маълумотномаҳои дахлдор пешниҳод кард.

Бино ба маълумоти ӯ, ҳаҷми захираи нафт дар кишвар беш аз 2,6 млн. тонна ва газ беш аз 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...