Нерӯгоҳи Роғун ба 4% афзудани истеҳсоли барқ дар кишвар кумак кард

Аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 4% ба ҳиссаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” низ қариб ҳамин миқдор барқ истеҳсол шудааст. Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар медиҳад, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО “Роғун” 840 млн. кВт/соатро ташкил дод. Соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 4% ба ҳиссаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” низ қариб ҳамин миқдор барқ истеҳсол шудааст.

Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар медиҳад, соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО “Роғун” 840 млн. кВт/соатро ташкил дод.

Соли гузашта дар Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи иқтидорҳои мавҷуда ба сурати умум наздики 20,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли он қариб 1 млрд. кВт/соат афзудааст.

Соли 2019 дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 2,3 млрд., “Сангтӯда-2” – 858 млн. кВт/соат, “Помир энержи” – 192 млн. кВт/соат ва дар корхонаҳои зертобеъи ширкати “Барқи тоҷик” – 16,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Содироти нерӯи барқ

Дар ҳамин ҳол, беш аз 14%-и нерӯи барқи соли гузашта дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя содирот шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, дар ин давра ба маблағи наздики 90 млн. доллар ҳудуди 2,9 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Аз ҷумла, 1 млрд. 453 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба Ӯзбекистон ва 1 млрд. 425 млн. кВт/соати он ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 400 млн. кВт/соат ва даромад ба андозаи 23 млн. доллар афзудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.