Саридораи геология: “Тилло дар 40 кони Тоҷикистон истихроҷ мешавад”

Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании тиллову нуқра, металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо, сангҳои нодиру қиматбаҳо ва ороишотӣ мебошад. “Соли гузашта дар Тоҷикистон тиллову ангишт, омехтаи регу шағал, ашёи хоми истеҳсоли семент, оҳаксанг, санги регӣ, газ ва нафт истеҳсол шуд, – гуфт ӯ. – […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании тиллову нуқра, металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо, сангҳои нодиру қиматбаҳо ва ороишотӣ мебошад.

“Соли гузашта дар Тоҷикистон тиллову ангишт, омехтаи регу шағал, ашёи хоми истеҳсоли семент, оҳаксанг, санги регӣ, газ ва нафт истеҳсол шуд, – гуфт ӯ. – Соли 2019 ба Комиссия оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки кишвар барои баррасӣ ва баргузории ташхис 44 ҳисобот пешниҳод гардид”.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа захираҳо аз рӯйи категорияҳои гуногуни канданиҳои фоиданок ҳисобу китоб карда шуданд.

Соли гузашта ба шахсони воқеӣ иҷоза доданд, ки дар қитъаҳои ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳо сабтнашуда тилло ва дигар канданиҳои фоиданок истихроҷ кунанд.

Марбут ба ин масъала дар Саридораи геология харитаи маҳалро барои истихроҷи тилло аз ҷониби шахсони хусусӣ дар 5 минтақаи кишвар таҳия карданд. Айни замон дар 40 кон тилло истихроҷ мешавад.

Оймаҳмадзода ҳамчунин хабар дод, ки дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо 48 ширкат шартномаҳо баста шудааст. Фонди иттилооти геологӣ дар бораи боигариҳои зеризаминӣ аллакай ба ширкатҳо доир ба омӯзиши як қатор конҳо маълумотномаҳои дахлдор пешниҳод кард.

Бино ба маълумоти ӯ, ҳаҷми захираи нафт дар кишвар беш аз 2,6 млн. тонна ва газ беш аз 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.