Шиносоии Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти бузурги пойтахт

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 29 январ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар сохтмони Боғи "Истиқлолият" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлолият ва Озодӣ"-и пойтахт шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт зимни боздид аз мавзеи бунёди иншооти ҷашнӣ, ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки то имрӯз тадбирҳои вобаста ба бунёди чоҳбонии маҷмаа ва бунёди мехсутунҳо анҷом шуда, барои бунёди маҷмааи меъморӣ омода гардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур, ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои вобаста ба бунёди он, аз ҷумла иншооти бартарафшавандаи атрофи маҷмаа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф намуд, ки иҷрои корҳои сохтмониро дар вақти муқарраргардида таъмин намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе инчунин аз ҷараёни корҳои анҷомёфтаи муҷтамеи муҳташами варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Синои пойтахт боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст ва қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ иборат буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдончаи тенниси кушод, ки ҳар кадом дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Аснои шиносоӣ Рустами Эмомалӣ ба корҳои то имрӯз сомонёфта дар маҷмааи варзишӣ баҳои баланд дода, ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба итмом расонидани корҳои боқимонда дастур доданд.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар кӯчаи Низоми Ганҷавии ноҳияи Синои пойтахт бо рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст шинос шуд. Масоҳати ҷудогардида барои бунёди ин иншооти азими варзишӣ 9,05 гектарро дар бар гирифта, андозаи майдони футбол 105х68 метрро ташкил медиҳад.

То ин вақт аз ҷониби сохтмончиён корҳои кандани пули мошингард, кандани чоҳбун (котлован), кӯчонидани қубурҳои обу корезӣ ва фазлоб, бунёди таҳкурсии тасмашакл дар ҳама блокҳо ва инчунин деворҳои оҳану бетонии таҳхонаҳо пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Раиси шаҳр сохтмончиёнро муваззаф сохт, ки барои дар муҳлатҳои муайян бо сифати баланданҷом додани сохтмон корро дар мавсими гармо дар ду баст ба роҳ монда, тибқи нақшаи тарҳрезишуда иншоотро соли 2021 пурра ва бо сифати баланд барои баҳрабардорӣ омода намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...