Хадамоти зиддиинҳисорӣ асоснокии нарх ба ҳамаи хизматрасониҳоро месанҷад

Хадамоти зиддиинҳисорӣ асоснокии нарх ба ҳамаи хизмарасониҳоро, ки дар Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, мавриди санҷиш қарор хоҳад дод. “Чанд рӯз пеш Хадамот ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати асоснокии ҳар моҳ ситонидани 80 дирам аз муштариён барои хизматрасонӣ ба рақам дархост фиристод”, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муъминзод. […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Хадамоти зиддиинҳисорӣ асоснокии нарх ба ҳамаи хизмарасониҳоро, ки дар Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.

“Чанд рӯз пеш Хадамот ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати асоснокии ҳар моҳ ситонидани 80 дирам аз муштариён барои хизматрасонӣ ба рақам дархост фиристод”, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Абдулмаҷид Муъминзод.

Ба гуфтаи ӯ, ба ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа барои пешниҳоди ҷавобҳо ба ин дархост як моҳ муҳлат дода шуда, пас аз омӯзиши натиҷаҳои он Хадамот ба ВАО дар ин хусус маълумоти муфассал пешниҳод мекунад.

“Баъзе ширкатҳо арзиши хизматрасониҳои худро аз соли 2011 бозбинӣ накардаанд ва аз ин рӯ, барои рӯйпӯш кардани хароҷоти худ дар муқоиса бо варақаҳои пардохт маблағи зиёдтар меситонанд”, – иброз дошт ӯ.

Доир ба фоизситонӣ дар терминалҳо

Ҳарчанд мувофиқи қонунгузорӣ ситонидани фоиз дар терминалҳои пардохт манъ шуда бошад ҳам, лекин ин кор идома дорад. Дар ин робита Муъминзод изҳор дошт, ки “нисбат ба терминалҳои “Ҳумо” ва “Пайванд” чораҳо андешида шуда, ҳозир онҳо аз муштариён фоиз намегиранд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ доир ба ширкати Express Pay, ки дар терминалҳои пардохташ фоизситонӣ идома дорад, чизе нагуфт.

“Нархи орд поин рафт”

Ба қавли Муъминзод, Хадамот танҳо дар ҳолате ба нархи бозор дахолат карда метавонад, ки маҳсулот якбора 20% гарон шавад.

“Ягон маҳсулот то 20% қимат нашуд. Танҳо нархи орд 17% боло рафта, мо ба он дахолат кардем ва ба туфайли ин арзиши орд аз 220 сомонӣ то ба 202 сомонӣ поин рафт”, – қайд кард раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Муъминзод болоравии нархи ордро ба кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон марбут медонад.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гандум дар як сол 1 млн. тоннаро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.