Баррасии масъалаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар яке аз донишгоҳҳои бузурги Аврупо

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 29-уми январ дар Рим бо ноиби ректор оид ба масъалаҳои байнулмилалии донишгоҳи Сапиенза Бруно Ботта дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, аз ҷумла, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯён аз […]

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 29-уми январ дар Рим бо ноиби ректор оид ба масъалаҳои байнулмилалии донишгоҳи Сапиенза Бруно Ботта дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, аз ҷумла, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаҳои кишварӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҳамчунин ба масъалаи мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Мувофиқи натиҷаҳои рейтинги Institute of Higher Education of Shanghai Jiao Tong University, донишгоҳи Сапиенза ба 30-гонаи беҳтарин донигоҳҳои Аврупо дохил мешавад. Дар рейтинги ҷаҳонии соли 2010 Донишгоҳи Сапиенза зинаи 190-умро касб карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.