СҶТ коронавирусро ҳолати фавқулодаи байнулмилалӣ эътироф кард

Asia-Plus

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зимни ҷаласаи кумитаи фавқулода хуруҷи коронавируси навро ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ эътироф кард, ки таъсири (фарогирии) байнулмилалӣ дорад.

“Бинобар сабаби хуруҷи глобалии коронавирус дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодаи байнулмилалӣ эълон мекунам”, – навиштааст сарвари кулли СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар Twitter.

Ӯ шарҳ додааст, ки сабаби қабули чунин қарор на дар паҳншавии вирус дар Чин, балки дар дигар кишвар ба қайд гирифтани он ифода меёбад.

Тавре Коммерсантъ хабар медиҳад, Созмонро имкони хуруҷи вирус дар кишварҳои соҳаи тандурстиашон то ҳол рушднаёфта бештар нигарон мекунад.

Ба иттилои директори генералии СҶТ, 7834 ҳолати сироятёбӣ аз 2019-nCoV тасдиқ шудааст, ки 7736-тои он дар Чин (99% аз шумори умумии сироятёфтагон дар саросари ҷаҳон) ба қайд гирифта шудааст. Беш аз 170 нафар қурбонии вирус шуда, ҳамаи ҳодисаҳои фавт дар Чин рух додаанд.

Аз ҷумла, аввалин ҳодисаи аз як шахс ба шахси дигар гузаштани коронавирус дар ИМА сабт шудааст. Бемор марди 60-сола мебошад, ки ҳамсараш аз сафар ба Чин баргаштааст. Ин шашумин шахси сироятёфта дар ИМА аст.

Дар Фаронса низ ҳолати шашуми сироятёбӣ тасдиқ шудааст. Табиби ширкати хусусӣ ба беморӣ гирифтор шудааст. Ӯ бо шахсе робита доштааст, ки баъдан ҳолати сиорояаш дар Осиё тасдиқ шудааст.

Тедрос Адханом Гебрейесус ба тадбирҳои Чин дар самти пешгирии паҳншавии вирус баҳои баланд дода, қайд кардааст, ки “агар Чин чунин амалҳоро рӯйи кор намегирифт, дар саросари ҷаҳон ҳолатҳои сироятёбӣ ва марг аз коронавирус хеле зиёд мешуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...