Сайфиддин Давлатзода: Тарафдори хориҷ шудани донишҷӯ нестам

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ректори донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар мухолифаташро бо хориҷ кардани донишҷӯён изҳор дошт. Марбут ба ин масъала Сайфиддин Давлатзода имрӯз, 31-уми январ дар нишасти хабарӣ андешаи худро баён кард.

Номбурда ба суоли он, ки “дар соли 2019 чанд нафар донишҷӯён барои насупоридани имтиҳоноти даврӣ ва маблағи шартнома хориҷ шудаанд?” чунин посух дод:

“Ман ҳанӯз дар вазифаи муовини вазири маориф ва илм кор карданам, ки назорати донишгоҳҳо бар уҳдаи ман буд, зидди хориҷ кардани донишҷӯён бо сабаби саривақт насупурдани маблағи шартнома ё имтиҳонҳои даврӣ будам. Аризаҳое, ки ба унвонии вазорат вобаста ба ин масъала ворид мешуданд, ба донишгоҳҳо тавсия медодем, ки ба донишҷӯён имкон бидиҳанд, то давра ба давра маблағи шартнома ва имтиҳоноти худро такроран бисупоранд”.

Вай афзуд, вазъи иҷтимоии баъзе аз оилаҳоро бояд ба назар гирифт ва ба онҳо имкон дод, ки дар ду давра маблағи шартномаашонро супоранд.

“Вақте донишҷӯ хориҷ мешавад, ӯ ҷавон асту бекор мемонад. Вақте бекор монд, ба ҳар гуна ҷиноят даст заданаш имкон дорад. Аз ин хотир, бо он донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои давриро саривақт супурда наметавонанд, бояд корбарӣ кард, то бо ҳамкурсони худ баробар шуда тавонанд. Хориҷ кардан роҳи ҳалли масъала нест”, – гуфт раиси донишгоҳ.

Дар идомаи суҳбаташ Сайфиддин Давлатзода изҳор дошт, ки ба ин масъала диққат хоҳад дод ва то ҳадди ақал кӯшиш мекунад, ки ягон донишҷӯ хориҷ нашавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...