Шумори фавтидагон аз коронавирус ба 425 нафар расид

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин, аз оғози хуруҷи беморӣ то рӯзи 3-юми феврал 20 ҳазору 438 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори фавтидагон 425 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре хабаргузории РБК менависад, 2778 ҳолати сироятёбӣ ҷиддӣ мебошад.

Каме пештар ҳукумати вилояти Хубэй, маркази коронавируси нав маълумоти худро пешниҳод кардааст, ки мувофиқи он, шумори фавтидагон дар як шабонарӯз дар ин минтақа 64 нафар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аксари фавтидагон аз пойтахти вилояти Хубэй – шаҳри Ухан мебошанд, ки аз ҳамин ҷо паҳншавии вирус оғоз шудааст. Он ҷо шабонарӯзи ахир 48 нафар вафот карданд. Аз шумори умумӣ 313 нафар дар Ухан фавтидаанд.

То имрӯз маълум аст, ки дар берун аз ҳудуди Чин як нафар аз коронавирус ҳалок шуд. Ин шахс марди 44-сола мебошад, ки 1-уми феврал дар Филиппин фавтид. Ӯ пас аз сафар ба Ухан сироят ёфт.

Дар Русия 2 ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст: як нафарӣ шаҳрвандони Чин дар вилояти Тюмен ва Забайкале.

Дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ё сироят ба коронавирус беш аз 20 кишвар хабар доданд.

Дар биноҳои махсуси карантинии Тоҷикистон 300 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз Чин омадаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...