Тендер оид ба сохтмони баландтарин иншоот дар Душанбе эълон шуд

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади интихоби пудратчӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Боғи Истиқлол» бо майдони  «Истиқлол ва Озодӣ» (марҳилаи дуюм) барои иштирок дар тендер довталабони ватанию хориҷиро даъват мекунад. Боғ дар майдони 30 гектар дар қаламрави хиёбони рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (мавзеи пушти маҷмааи “Кохи Ваҳдат”, меҳмонхонаи “Авесто” ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади интихоби пудратчӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Боғи Истиқлол» бо майдони  «Истиқлол ва Озодӣ» (марҳилаи дуюм) барои иштирок дар тендер довталабони ватанию хориҷиро даъват мекунад.

Боғ дар майдони 30 гектар дар қаламрави хиёбони рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (мавзеи пушти маҷмааи “Кохи Ваҳдат”, меҳмонхонаи “Авесто” ва Донишкадаи омӯзгорӣ) бунёд мегардад.

Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар тендерро шаҳрдории пойтахт то 15 феврал қабул карда, рӯзи 18 феврал натиҷаҳои тендер ҷамъбаст мешаванд.

«Боғи Истиқлол» яке аз иншооти бузургу бошаҳомат дар кишвар ба шумор меравад, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта мешавад.

Майдони маҷмааи “Истиқлол ва Озодӣ” 2,7 гектарро ташкил дода, муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» 121 метрро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.