Шумори фавтидагон аз коронавирус ба 425 нафар расид

Бино ба маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин, аз оғози хуруҷи беморӣ то рӯзи 3-юми феврал 20 ҳазору 438 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори фавтидагон 425 нафарро ташкил медиҳад. Тавре хабаргузории РБК менависад, 2778 ҳолати сироятёбӣ ҷиддӣ мебошад. Каме пештар ҳукумати вилояти Хубэй, маркази коронавируси нав маълумоти худро пешниҳод кардааст, ки мувофиқи он, шумори фавтидагон […]

Бино ба маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин, аз оғози хуруҷи беморӣ то рӯзи 3-юми феврал 20 ҳазору 438 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори фавтидагон 425 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре хабаргузории РБК менависад, 2778 ҳолати сироятёбӣ ҷиддӣ мебошад.

Каме пештар ҳукумати вилояти Хубэй, маркази коронавируси нав маълумоти худро пешниҳод кардааст, ки мувофиқи он, шумори фавтидагон дар як шабонарӯз дар ин минтақа 64 нафар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аксари фавтидагон аз пойтахти вилояти Хубэй – шаҳри Ухан мебошанд, ки аз ҳамин ҷо паҳншавии вирус оғоз шудааст. Он ҷо шабонарӯзи ахир 48 нафар вафот карданд. Аз шумори умумӣ 313 нафар дар Ухан фавтидаанд.

То имрӯз маълум аст, ки дар берун аз ҳудуди Чин як нафар аз коронавирус ҳалок шуд. Ин шахс марди 44-сола мебошад, ки 1-уми феврал дар Филиппин фавтид. Ӯ пас аз сафар ба Ухан сироят ёфт.

Дар Русия 2 ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст: як нафарӣ шаҳрвандони Чин дар вилояти Тюмен ва Забайкале.

Дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ё сироят ба коронавирус беш аз 20 кишвар хабар доданд.

Дар биноҳои махсуси карантинии Тоҷикистон 300 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз Чин омадаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.