Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар БДА “Амонатбонк”, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, “Тоҷикматлубот”, Агентии хоҷагии ҷангал ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.6935 […]

Asia-Plus

АНОНС

Дар БДА “Амонатбонк”, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, “Тоҷикматлубот”, Агентии хоҷагии ҷангал ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6935 сомонӣ;

1 евро – 10.7152 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 – Дар Душанбе нахустин пойгоҳи автоматии метереологӣ ба кор даромад.

2019 – Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки охири соли 2040 дар пойтахт нахустин шохаи метро сохта мешавад.

2019 – Дар Давҳа созишномаи байниҳукуматӣ оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид, ки мувофиқи он Қатар ба қабули муҳоҷирони кории тоҷик розӣ шуд. Дар ҳамин ҳол, аксарият чунин мешуморанд, ки Қатар барои муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон он қадр мувофиқ нест. Чаро? Маводро дар ин хусус бо суроғаи зерин дарёфт карда метавонед.

1896 – Зодрӯзи олими шарқшинос, комиссари халқӣ оид ба тандурустии ҶМШС Тоҷикистон (то соли 1928) Алексей Михайлович Дьяков.

1916 – Мавлуди шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ. 

1965 – Зодрӯзи Салимов Нусратулло, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемориҳои саратон. Саратон ифодаи умумии беш аз 100 беморӣ мебошад, ки ба ҳама гуна қисмати ҷисми инсон осеб расонида метавонанд.

Рӯзи миллии шӯрбои хонагӣ дар ИМА. Дар Тоҷикистон низ навъҳои гуногуни шӯрбо вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо мастоба аст.

Дар Саппорои Ҷопон имрӯз Ҷашнвораи маъруфи барфӣ оғоз мегардад.

Дар ин рӯз шабакаи иҷтимоии Facebook ба кор даромад.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, шабона дар баъзе ноҳияҳои водибуда боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, рӯзона ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, шабона дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар шарқи вилоят шабона 28-33 хунук (дар мавзеи Булункӯл то 40-42° хунук), рӯзона 11-16° хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 22-24° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, шабона дар баъзе ноҳияҳои водибуда боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, рӯзона ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4-9 хунук то 11-16° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, шабона боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, шабона боришот (борон, барф) ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, шабона борон борида, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 10-12° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.