Дар шаҳри Душанбе метро сохта мешавад

Хати нахусти метрополитени пойтахт “ҳавоӣ” шуда, дарвозаҳои ҷануби шаҳр (дар самти вилояти Хатлон)-ро бо мавзеи назди Сирки давлатӣ мепайвандад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе. Мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хати ҳавоии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад. Айни замон ҳукуматдорони пойтахт масъалаи имкони сохтмони қитъаҳои […]

Хати нахусти метрополитени пойтахт “ҳавоӣ” шуда, дарвозаҳои ҷануби шаҳр (дар самти вилояти Хатлон)-ро бо мавзеи назди Сирки давлатӣ мепайвандад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хати ҳавоии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

Айни замон ҳукуматдорони пойтахт масъалаи имкони сохтмони қитъаҳои зеризаминии метрополитени ояндаи шаҳррро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

“Мутахассисон мушкилоту монеъаҳоеро, ки ҳангоми сохтмони хатҳои зеризаминии метрополитен пайдо шуда метавонанд, омӯхта истодаанд”, – қайд карданд дар дастгоҳи раиси пойтахт.

Ҳамчунин бунёди хатҳои (шохаҳои) эҳтимолии метрои оянда низ омӯхта мешавад. Чанде аз сокинони шаҳр аллакай сохтмони хати метроро аз фурудгоҳ то бозори Корвон ва дигарашро – аз мавзеи Сирки давлатӣ то маҳаллаи Зарафшон пешниҳод кардаанд.

Қобили зикр аст, ки метрои Душанбе сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ва шаҳри Алмаато (Қазоқистон) метро фаъолият дорад. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст.

Қобили зикр аст, ки метро дар шаҳри Тшканд замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) сохта шуда, хати аввали метрои шаҳри Алмаато соли 2011 ба истифода дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.