Генерал Солеҳзода: Қисми зиёди нашъамандон фарзандони хизматчиёни давлатиянд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ аз ҷой доштани амалҳои номатлуби нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон ва тиҷорати шаҳвонӣ дар байни занон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки шароити зиндагии аксари онҳо хуб аст.

“Вақте мо вазъи нафарони мубталои нашъамандиро таҳлил кардем, маълум шуд, ки ба он бештар нафарони шароити зиндагиашон хуб гирифторанд. Он пул меистад-ку. Хоҳед-нахоҳед, ӯ барои зинда монданаш бояд маблағ пайдо карда, маводи мухаддир ба даст орад. Қисми зиёди гирифторони бемории нашъамандӣ фарзандони хизматчиёни давлатиянд”, – гуфт Солеҳзода.

Ба андешаи ӯ, ҷомеа ва мақомот то андозае дар ҳалли ин масъала бетарафӣ зоҳир кардаанд.

“Мо вақте Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро баррасӣ кардем, фақат ба кӯчагардию беҳуда нагаштани кӯдакону наврасон аҳаммият додем. Вале ҳамин масъаларо як тараф мондем, ки фарзанди ҳамон падару модар барои чӣ ва аз кадом шароит даст ба нашъамандӣ задааст?”, – афзуд сардори РВКД дар вилояти Хатлон.

Искандар Солеҳзода ҳамчунин ҳолатҳои танфурӯшии бархе занонро ташвишовар донист.

“Одатан, ба камбизоатӣ ва шароити пасти моддию иҷтимоӣ ишора мекунанд, ки занон аз ин сабаб даст ба фоҳишагӣ мезананд. Вақте мо таҳлил карда баромадем, қисми зиёди онҳо шароити хуби зиндагӣ доранд, хонаву дар доранд, ягон камбудӣ надоранд. Мутаассифона, боз ба ин роҳ мераванд, ки бисёр ташвишовар аст”, – илова кард генерал.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...