Генерал Солеҳзода: Қисми зиёди нашъамандон фарзандони хизматчиёни давлатиянд

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ аз ҷой доштани амалҳои номатлуби нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон ва тиҷорати шаҳвонӣ дар байни занон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки шароити зиндагии аксари онҳо хуб аст. “Вақте мо вазъи нафарони мубталои нашъамандиро таҳлил кардем, маълум шуд, ки ба он бештар нафарони шароити зиндагиашон […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ аз ҷой доштани амалҳои номатлуби нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон ва тиҷорати шаҳвонӣ дар байни занон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки шароити зиндагии аксари онҳо хуб аст.

“Вақте мо вазъи нафарони мубталои нашъамандиро таҳлил кардем, маълум шуд, ки ба он бештар нафарони шароити зиндагиашон хуб гирифторанд. Он пул меистад-ку. Хоҳед-нахоҳед, ӯ барои зинда монданаш бояд маблағ пайдо карда, маводи мухаддир ба даст орад. Қисми зиёди гирифторони бемории нашъамандӣ фарзандони хизматчиёни давлатиянд”, – гуфт Солеҳзода.

Ба андешаи ӯ, ҷомеа ва мақомот то андозае дар ҳалли ин масъала бетарафӣ зоҳир кардаанд.

“Мо вақте Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро баррасӣ кардем, фақат ба кӯчагардию беҳуда нагаштани кӯдакону наврасон аҳаммият додем. Вале ҳамин масъаларо як тараф мондем, ки фарзанди ҳамон падару модар барои чӣ ва аз кадом шароит даст ба нашъамандӣ задааст?”, – афзуд сардори РВКД дар вилояти Хатлон.

Искандар Солеҳзода ҳамчунин ҳолатҳои танфурӯшии бархе занонро ташвишовар донист.

“Одатан, ба камбизоатӣ ва шароити пасти моддию иҷтимоӣ ишора мекунанд, ки занон аз ин сабаб даст ба фоҳишагӣ мезананд. Вақте мо таҳлил карда баромадем, қисми зиёди онҳо шароити хуби зиндагӣ доранд, хонаву дар доранд, ягон камбудӣ надоранд. Мутаассифона, боз ба ин роҳ мераванд, ки бисёр ташвишовар аст”, – илова кард генерал.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.