Зайнура Ҷалилова санги осиёро 30 сол боз мечархонад

Чархонидани санги осиё бештар шуғли мардон буда, кам андар кам заноне пайдо мешаванд, ки ба ин кор машғуланд. Зайнура Ҷалилова аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ҳудуди 30 сол инҷониб осиёбонӣ мекунад. Ӯ ягона занест, ки дар водии Зарафшон ба ин кор машғул аст. Дар баробари тарбияи фарзандону набераҳо, корҳои хонадорӣ ва машғулиятҳои деҳа, боз санги осиёро мечархонад. […]

Чархонидани санги осиё бештар шуғли мардон буда, кам андар кам заноне пайдо мешаванд, ки ба ин кор машғуланд. Зайнура Ҷалилова аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ҳудуди 30 сол инҷониб осиёбонӣ мекунад.

Ӯ ягона занест, ки дар водии Зарафшон ба ин кор машғул аст. Дар баробари тарбияи фарзандону набераҳо, корҳои хонадорӣ ва машғулиятҳои деҳа, боз санги осиёро мечархонад.

Зайнура мегӯяд: “Осиёбонӣ кори мардҳост, вале ман ин корро аз хусурам мерос гирифтам ва ҳеҷ пушаймон нестам. То солҳои 90-уми асри гузашта хусурам осиёбонӣ мекарданд ва ман пайваста ба он кас кумак мерасонидам. Оҳиста-оҳиста ҷойи хусурамро гирифтам. Ҳамин осиё буд, ки дар солҳои гуруснагӣ оилаи мо ва умуман, аҳолии деҳа чандон эҳсосаш накарданд. Аз он замон меҳри ин кор дар дили ман ҷой гирифт”.

Ин хонуми 55-сола соҳиби 4 фарзанд ва 8 набера аст. Ба гуфтаи Зайнура, ҳамсараш – Облоқул аз кори ӯ розист.

“Шавҳарам муаллим аст ва дар мактаби деҳа дарс медиҳад. Ӯ бо фарзандонам дар вақтҳои холӣ ба ман ёрӣ мерасонанд. Дастгирии оила ва ҳамдеҳагонам аст, ки солҳои дароз ба ин кор машғулам”, – афзуд осиёбонзан.

Осиё дар як рӯз тақрибан аз 200 то 600 кило гандумро орд мекунад. Ин ба ҳаҷму суръати об вобаста аст, ки ҳар қадар бештар бошад, чархиши санги осиё ҳамон андоза меафзояд. Зайнура аз мизоҷонаш пул намегирад. Ҳаққи меҳнати ӯ ним кило орд аз ҳар 10 кило гандуми ордшуда мебошад.

“Дар солҳои вазнин осиё моро аз гуруснагӣ наҷот дод. Ман аз корам ифтихор дорам. Умедворам, фарзандону набераҳоям онро давом медиҳанд”, – изҳор дошт Зайнура.

Ин осиё дар нимаи дуюми садаи 19 бино шуда, то ба ҳол дар ин деҳа истифода мешавад. Бинои осиё дар соли 1996 зери сел монда, аз тарафи бобои Абдураҳмон – хусури Зайнура бозсозӣ шуд. Дар соли 2010 худи Зайнура осиёи меросиро таъмир карда, айни замон барои мардумони рустои Вашан ва деҳоти атроф хидмат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.