Қотилони сарҳадбони тоҷик Хайриддин Аҳтамов кушта шуданд

Дар хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон 2 нафар аъзои гурӯҳи қочоқчиёне, ки дар куштори афсари Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Хайриддин Аҳтамов даст доштанд, кушта шуданд. Дар ин бора сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода рӯзи 5-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод. “Шаби аз 3 ба 4-уми феврали соли равон дар хатти […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон 2 нафар аъзои гурӯҳи қочоқчиёне, ки дар куштори афсари Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Хайриддин Аҳтамов даст доштанд, кушта шуданд.

Дар ин бора сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода рӯзи 5-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Шаби аз 3 ба 4-уми феврали соли равон дар хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, дар минтақаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гурӯҳи қочоқчиёни афғон кӯшиши убури марзи муштарак карданд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо сарҳадбонони тоҷик 2 нафар аз қочоқчиён – роҳбари гурӯҳ Ғулом Расул ва писараш Ҳабиб кушта шуданд. Ду нафари дигари онҳо ба қафо гашта, ғайб заданд. Аз ҷойи ҳодиса яроқи оташфишон ва 26 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира карда шуд. Ин гурӯҳи оилавии қочоқчиён зери роҳбарии Ғулом Расул 2-юми декабри соли 2017 кӯшиши убури сарҳад карда буданд, вале марзбонони тоҷик онҳоро ошкор сохтанд. Дар натиҷа байни сарҳадбонон ва қочоқчиён тирпарронӣ ба амал омад. Дар ҳамин задухӯрд афсари Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Хайриддин Аҳтамов ба ҳалокат расид ва 4 нафар афсарону сарбозони дигар захмӣ шуданд”, – гуфт Солеҳзода.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки дар бораи ин гурӯҳи оилавӣ ҳам мақомоти Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон маълумот доранд. “Мувофиқи иттилооти пешакӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон аллакай дар пайи онҳо шудаанд ва шояд рӯзҳои наздик ин гурӯҳи ҷинояткор пурра безарар гардонида шавад”, – афзуд ӯ.

Ба қавли номбурда, соли 2019 ҳамагӣ як кӯшиши убури сарҳад дар ноҳияи Панҷ буд, ки мақомоти низомии тоҷик сари вақт пеши роҳи онро гирифтанд.

“Аслан, барои ҷинояткор вақту маҳал фарқ надорад ва гурӯҳҳои қочоқи маводи мухаддир баъзан кӯшиши убури сарҳад мекунанд. Марзбонон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамеша дар ҳолати омодабошанд ва намегузоранд, ки чунин гурӯҳҳо вориди хоки мо шаванд”, – гуфт генерал.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.