Дар Тоҷикистон муддати 10 рӯз борон меборад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

То 20-уми феврал дар саросари Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар буда, баъзе рӯзҳо боришот бошиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад.

“Рӯзҳои 11 ва 13 феврал боришоти шиддатнок пешбинӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо шояд дар баъзе ноҳияҳо борон ба барфи тар мубаддал гардад. Рӯзи 13-уми феврал ҳарорат 6-8 дараҷа поин меравад. Ин рӯзҳо дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ боридани барф дар назар аст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази матбуоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Рӯзи чоршанбе ҳавошиносон дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бидуни боришоти назаррасро пешгӯйӣ мекунанд.

“Рӯзи 12-уми феврал дар саросари кишвар ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ болоравии ҳарорат то 17 дараҷа, вилояти Суғд – то 15 дараҷа, Хатлон – то 20 дараҷа пешбинӣ мешавад”, – қайд кард Байдуллоева.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Gismeteo, аз 10 то 13-ум ва рӯзҳои 15-16 феврал дар Душанбе боридани барфу борон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабр дар Тоҷикистон хеле гарм омад. Барфи аввал дар ҷумҳурӣ рӯзи 22-юми ноябр борид. Аз ҳамон замон дар кишвар дигар боришоти назаррас ба мушоҳида нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...