Дар Тоҷикистон муддати 10 рӯз борон меборад

То 20-уми феврал дар саросари Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар буда, баъзе рӯзҳо боришот бошиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад. “Рӯзҳои 11 ва 13 феврал боришоти шиддатнок пешбинӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо шояд дар баъзе ноҳияҳо борон ба барфи тар мубаддал гардад. Рӯзи 13-уми феврал ҳарорат 6-8 дараҷа поин меравад. Ин рӯзҳо дар […]

То 20-уми феврал дар саросари Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар буда, баъзе рӯзҳо боришот бошиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад.

“Рӯзҳои 11 ва 13 феврал боришоти шиддатнок пешбинӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо шояд дар баъзе ноҳияҳо борон ба барфи тар мубаддал гардад. Рӯзи 13-уми феврал ҳарорат 6-8 дараҷа поин меравад. Ин рӯзҳо дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ боридани барф дар назар аст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази матбуоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Рӯзи чоршанбе ҳавошиносон дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бидуни боришоти назаррасро пешгӯйӣ мекунанд.

“Рӯзи 12-уми феврал дар саросари кишвар ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ болоравии ҳарорат то 17 дараҷа, вилояти Суғд – то 15 дараҷа, Хатлон – то 20 дараҷа пешбинӣ мешавад”, – қайд кард Байдуллоева.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Gismeteo, аз 10 то 13-ум ва рӯзҳои 15-16 феврал дар Душанбе боридани барфу борон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабр дар Тоҷикистон хеле гарм омад. Барфи аввал дар ҷумҳурӣ рӯзи 22-юми ноябр борид. Аз ҳамон замон дар кишвар дигар боришоти назаррас ба мушоҳида нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.