Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ШСХК “Барқи тоҷик”, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ баргузор мешаванд. – Дар Гӯшаи Амрико дар Душанбе (кӯч. Мирзо Турсунзода, 49) бахшида ба Рӯзи байнулмилалии занон ва […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ШСХК “Барқи тоҷик”, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ баргузор мешаванд.

– Дар Гӯшаи Амрико дар Душанбе (кӯч. Мирзо Турсунзода, 49) бахшида ба Рӯзи байнулмилалии занон ва духтарон дар илм чорабинӣ доир мегардад. Оғоз соати 15:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6931 сомонӣ;

1 евро – 10.6159 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1509 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Маросими барафрохтани парчами Тоҷикистон дар деҳаи олимпӣ дар Ванкувер.

2010 — Чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Афғонистон ба садама дучор шуда,4 нафар аъзои ҳайати сарнишинони чархбол, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ ҳалок шуданд.

1915 — Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов.

1942 — Зодрӯзи нависанда Софияи Носир.

1950 — Мавлуди доктори улуми тиббӣ Саид Қурбонов.

1960 — Зодрӯзи журналист Раҳмон Гулзор.

1969 — Мавлуди ходими давлатии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар Ҷопон имрӯз Рӯзи таъсиси давлат шуморида мешавад – рӯзи сари тахт омадани аввалин императори Ҷопон — Ҷимму (Jimmu).

211 сол пеш ба аввалин киштӣ (пароход) патент дода шуд. Амрикоӣ Роберт Фултон аввалин киштии “Клермонт”-ро сохта, ба бору мусофиркашонӣ оғоз кард.

323 сол пеш Пётри I бо фармони махсус фурӯши тамокуро дар Русия иҷоза дод. Ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим то ҳол Пётрро барои ин фармонаш бахшида наметавонанд, чунки бар ин назаранд, ки маҳз бо ҳамин фармон тамокукашӣ дар Русия оммавӣ гардид.

Ин ҷо дастуре бароятон таҳия шудааст, ки дар он пиромуни дар куҷо манъ будани тамокукашӣ дар Тоҷикистон ва ҷазои пешбинишуда барои он маълумот дода мешавад.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 5+10° гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон,барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят шабона 21-26 хунук (дар мавзеи Булункӯл то 31-33° хунук), рӯзона 6-11° хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 15-17° хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф), дар баъҳе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 7+9° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.