Дар карантин мондани 7 нафар донишҷӯйи тоҷик дар Ухан

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аз шаҳри Ухани Чин 7 донишҷӯйи тоҷик бинобар доштани таби баланд ба Тоҷикистон оварда нашуданд. Онҳо мавриди ташхис қарор гирифтаанд.

Инчунин 3 донишҷӯйи дигари тоҷик бо хоҳиши худ аз сафар ба Ватан худдорӣ кардаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ин маънои онро надорад, ки ин ашхос гирифтори бемории коронавирус мебошанд. Зеро тибқи талаботе, ки дар шаҳри Ухан ҷорист, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки соати 7-и субҳи дирӯз, 11-уми феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 46 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба шаҳри Душанбе овард. Онҳо дар осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон»-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.

Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.

Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандоне, ки аз Чин ба Ватан баргаштанд, 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, низ ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, шумори қурбониёни коронавируси Covid-19 ба 1113 нафар расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии масоили тандурустии Чин хабар медиҳад.

Шумори умумии сироятёфтагонро ҳукумати ин кишвар 44653 нафар арзёбӣ мекунад, ки аз ин шумор 4740 нафар муолиҷа ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд. Гуфта мешавад, 8204 нафар дар ҳолати вазнин қарор дошта, боз 185 ҳазор нафари дигаре, ки бо беморон алоқа доштанд, дар зери назоратанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...