Кумитаи забони Тоҷикистон матни сурудҳоро месанҷад

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон шояд минбаъд дурустии матни сурудҳо ва ҳамчунин забони гуфтори қаҳрамонҳои филмҳоро месанҷад. “Гурӯҳи корӣ тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Кумита ва қонун “Дар бораи забон” ҷиҳати ба мо додани ҳуқуқи санҷиш ва таҳлили матни сурудҳо ва забони гуфтори қаҳрамонон дар филмҳо омода карда, ба баррасии ҳукумат фиристод”, – гуфт […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон шояд минбаъд дурустии матни сурудҳо ва ҳамчунин забони гуфтори қаҳрамонҳои филмҳоро месанҷад.

“Гурӯҳи корӣ тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Кумита ва қонун “Дар бораи забон” ҷиҳати ба мо додани ҳуқуқи санҷиш ва таҳлили матни сурудҳо ва забони гуфтори қаҳрамонон дар филмҳо омода карда, ба баррасии ҳукумат фиристод”, – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбе, 11-уми феврал сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён.

Ҳамчунин Кумита феҳристи навбатии номҳоро омода кардааст, ки ба кӯдакон гузоштани онҳо манъ аст. Ба он номҳои писандидаи бархе аз тоҷикистониён ба мисли Лейла, Ясмина ва Дариуш дохил шудаанд.

“Соли 2019 ба Кумита барои 1021 номгузорӣ падару модарон муроҷиат карданд. Аз ин шумор 480 ном қобили қабул дониста шуда, дастгирӣ гардиданд ва имсол ба лоиҳаи қарори мазкур ворид мешаванд. Аммо он 373 номи ғайримеъёр ҳаргиз қабул намешаванд”, – изҳор дошт ӯ.

Абдураҳим Зулфониён даҳҳо номи пешниҳодшударо мисол овард, ки “ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд”.

“Аз ҷумла, Ясмина, Ясмин, Дария, Лейла, Ясира, Хурем, Айша, Эсмира, Цензора, Дариуш. Онҳо фарзанди худро Лейла ё Хурем ном монданиянд, аммо вақте мепурсӣ, ки шояд Хурем неву Хуррам бошад, ба шакли тоҷикиаш розӣ намешаванд. Онҳо аз сериалҳои туркӣ илҳом мегиранд”, – гуфтааст корманди Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.