Дар карантин мондани 7 нафар донишҷӯйи тоҷик дар Ухан

Аз шаҳри Ухани Чин 7 донишҷӯйи тоҷик бинобар доштани таби баланд ба Тоҷикистон оварда нашуданд. Онҳо мавриди ташхис қарор гирифтаанд. Инчунин 3 донишҷӯйи дигари тоҷик бо хоҳиши худ аз сафар ба Ватан худдорӣ кардаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ин маънои онро надорад, ки ин ашхос гирифтори бемории коронавирус мебошанд. […]

Аз шаҳри Ухани Чин 7 донишҷӯйи тоҷик бинобар доштани таби баланд ба Тоҷикистон оварда нашуданд. Онҳо мавриди ташхис қарор гирифтаанд.

Инчунин 3 донишҷӯйи дигари тоҷик бо хоҳиши худ аз сафар ба Ватан худдорӣ кардаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ин маънои онро надорад, ки ин ашхос гирифтори бемории коронавирус мебошанд. Зеро тибқи талаботе, ки дар шаҳри Ухан ҷорист, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки соати 7-и субҳи дирӯз, 11-уми феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 46 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба шаҳри Душанбе овард. Онҳо дар осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон»-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.

Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.

Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандоне, ки аз Чин ба Ватан баргаштанд, 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, низ ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, шумори қурбониёни коронавируси Covid-19 ба 1113 нафар расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии масоили тандурустии Чин хабар медиҳад.

Шумори умумии сироятёфтагонро ҳукумати ин кишвар 44653 нафар арзёбӣ мекунад, ки аз ин шумор 4740 нафар муолиҷа ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд. Гуфта мешавад, 8204 нафар дар ҳолати вазнин қарор дошта, боз 185 ҳазор нафари дигаре, ки бо беморон алоқа доштанд, дар зери назоратанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.