Кумитаи забони Тоҷикистон матни сурудҳоро месанҷад

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон шояд минбаъд дурустии матни сурудҳо ва ҳамчунин забони гуфтори қаҳрамонҳои филмҳоро месанҷад.

“Гурӯҳи корӣ тағйироту иловаҳоро ба Оинномаи Кумита ва қонун “Дар бораи забон” ҷиҳати ба мо додани ҳуқуқи санҷиш ва таҳлили матни сурудҳо ва забони гуфтори қаҳрамонон дар филмҳо омода карда, ба баррасии ҳукумат фиристод”, – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбе, 11-уми феврал сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён.

Ҳамчунин Кумита феҳристи навбатии номҳоро омода кардааст, ки ба кӯдакон гузоштани онҳо манъ аст. Ба он номҳои писандидаи бархе аз тоҷикистониён ба мисли Лейла, Ясмина ва Дариуш дохил шудаанд.

“Соли 2019 ба Кумита барои 1021 номгузорӣ падару модарон муроҷиат карданд. Аз ин шумор 480 ном қобили қабул дониста шуда, дастгирӣ гардиданд ва имсол ба лоиҳаи қарори мазкур ворид мешаванд. Аммо он 373 номи ғайримеъёр ҳаргиз қабул намешаванд”, – изҳор дошт ӯ.

Абдураҳим Зулфониён даҳҳо номи пешниҳодшударо мисол овард, ки “ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд”.

“Аз ҷумла, Ясмина, Ясмин, Дария, Лейла, Ясира, Хурем, Айша, Эсмира, Цензора, Дариуш. Онҳо фарзанди худро Лейла ё Хурем ном монданиянд, аммо вақте мепурсӣ, ки шояд Хурем неву Хуррам бошад, ба шакли тоҷикиаш розӣ намешаванд. Онҳо аз сериалҳои туркӣ илҳом мегиранд”, – гуфтааст корманди Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...