Имзои Ёддошти ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи иктишофи ҳарбӣ

Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба наздикӣ Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи иктишофи ҳарбиро имзо мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Дар санад анҷоми корҳои тадорукотӣ ва баргузории тамринҳои муштарак, табодули таҷриба ва маълумот дар бахши иктишофи ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки рушди ҳамкории ҳарбию техникии кишварҳои ҳамсоя […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба наздикӣ Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи иктишофи ҳарбиро имзо мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Дар санад анҷоми корҳои тадорукотӣ ва баргузории тамринҳои муштарак, табодули таҷриба ва маълумот дар бахши иктишофи ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки рушди ҳамкории ҳарбию техникии кишварҳои ҳамсоя пас аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 оғоз ёфт.

Он замон Душанбе ва Тошканд бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷониба се созишномаи байнидавлатиро дар соҳаи мудофиа ба имзо расониданд.

Маҳз ҳамон вақт Созишномаҳои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи транзити бори ҳарбию махсус ва ҳайати низомӣ тариқи қаламрави кишварҳо, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ имзо шуда буданд.

Аз рӯйи натиҷаи сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ҳамчунин созишнома байни Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо дар бораи ҳамкории ҳарбӣ ба имзо расида буд.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 23-26 апрели соли 2019 дар машқгоҳи “Фахробод” бо иштироки афсарону сарбозони воҳидҳои иктишофии Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон тамрини муштарак доир гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.