КМИР номзади ғайриқонунӣ сабтшударо аз маъракаи пешазинтихоботӣ хориҷ кард

Аваз Юлдошев

Сабаби бекор кардани қарори қаблан қабулшуда дар бораи расман бақайдгирии номзад ба вакилии парлумон он аст, ки дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ӯ  30-сола нашудааст. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ вакили парлумон будан танҳо ба шаҳрвандони аз 30-сола боло иҷоза дода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолидини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Акмалиддин Каримов қарор қабул кард.

Тавре маркази матбуоти КМИР ҶТ хабар медиҳад, аз рӯйи ҳуҷҷатҳои дар парванда мавҷудбуда дида мешавад, ки Акмалиддин Каримов 30 сентябри соли 1991 таваллуд шуда, дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ба синни 30-солагӣ нарасидааст.

Дар ин робита қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони МНМО ҶТ аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Акмалиддин Каримов бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуд.

Акмалиддин Каримов ба таври худпешбарӣ номзад ба вакилии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ сабтином шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихобот ба палатаи поёни парлумони Тоҷикистон, ҳамчунин маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба рӯзи 1-уми март таъин шудааст. Барои ба даст овардани 63 курсии вакилӣ дар парлумон 241 нафар номзадҳо рақобат мекунанд – 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва 65 номзад тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ. Байни номзадҳои расман сабтиномшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 48 нафарашон занон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...