Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ: Соли 2020 барои иқтисоди Тоҷикистон ҳалкунанда мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

 “Соли 2020 ҳалкунанда мешавад. Ин соле хоҳад буд, ки маълум мешавад, оё иқтисод тариқи дарҳои соли 2019 бозшуда ба самти бахши хусусӣ ва содирот рӯ меорад ё на”, – изҳор доштааст намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс дар ҷараёни Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президенти ҶТ.

Ӯ хотиррасон кардааст, ки раисҷумҳур зимни чаласаи соли гузаштаи Шӯрои машваратӣ “ҷонибдории худро дар  масъалаи бартараф кардани монеаҳои деринаи сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ изҳор дошта буд”.

Ба ақидаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ, мавқеи кунунии Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зарурати рафъи монеаҳо ишора мекунад, ки ба соҳибкорон ҷиҳати тавсеаи тиҷорати худ ва ба сармоягузорон барои интихоби Тоҷикистон ба сифати кишвари афзалиятнок барои пешбурди тиҷорат имкон намедиҳанд.

Соли 2019-ро Ян-Петер Олтерс ҳамчун “соли заминавӣ” арзёбӣ мекунад, ки дар он Тоҷикистон аз тадбирҳои вокуниш дар давраи баъди буҳрон ба самти ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ гузашт.

“Дар марҳилаи рушди минбаъда таърихи иқтисоди муваффақи ба навгониҳо ва содирот равонашуда, ки ҷойҳои корӣ фароҳам оварда, аз бахши хусусӣ андоз меситонад, ба ҳадафҳои баланди рушди кишвар мусоидат мекунад”, – гуфтааст ӯ.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ таъкид доштааст, ки ҳукумат соли гузашта қарорҳои имкнопазирро дар самти ислоҳот қабул кард, ки аз шарикон оид ба рушд дастгирии онҳо дархост шуд.

Ӯ “фаъолияти ҷорӣ оид ба ислоҳот дар соҳаи андозро бо талоши ивази таҷрибаи мавҷудаи санҷишҳои андоз ба санҷишҳои аудиторӣ…, дар ҳамин ҳол риояи ихтиёриро ба сифати модели асосии амали мақомоти андоз” қайд кард.

Ёдрас мекунем, ки бо назардошти пешниҳоди андозсупорандагон, бахусус, бахши хусусӣ айни замон лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия мешавад.

Дар назар аст, ки қонунгузории нави андози ҷумҳурӣ аз моҳи сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...