Тоҷикистону Ӯзбекистон СММ-ро ба ҳифзи байнулмилалии гӯсфанди бухороӣ даъват карданд

Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Эрон пешниҳод кардаанд, гӯсфандҳои бухороӣ, ки номи илмиашон “уриол” аст, ба рӯйхати даҳгонаи ҷонварҳои кӯчии дар ҳоли хатари Созмони Милали Муттаҳид дохил карда шаванд. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, тасмими ниҳоиро дар ин бора аз 17 то 22-юми феврали имсол дар конфронси ҳифзи муҳити зисти СММ дар шаҳри Гандинагари Ҳинд […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Эрон пешниҳод кардаанд, гӯсфандҳои бухороӣ, ки номи илмиашон “уриол” аст, ба рӯйхати даҳгонаи ҷонварҳои кӯчии дар ҳоли хатари Созмони Милали Муттаҳид дохил карда шаванд.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, тасмими ниҳоиро дар ин бора аз 17 то 22-юми феврали имсол дар конфронси ҳифзи муҳити зисти СММ дар шаҳри Гандинагари Ҳинд мегиранд. Тоҷикистон умед дорад, ки баъди архар ва ё гӯсфанди кӯҳиву бабри барфӣ, гӯсфандҳои шохдарози зебо ҳам мавриди таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоси байналмилалӣ қарор мегиранд.

Ҳинд дархост кардааст, ки мурғи бузурги дуғдоғи ҳиндӣ, мурғи бенгалии дуғдоғ ва фили осиёӣ ба ин феҳрист ворид карда шаванд. Коста Рикаву Аргентина, Боливия ва Парагвай – Ягуар, Бразилия – наҳанги сафед, кишварҳои аврупоӣ – дрофа (паррандаи хурд), Зеландияи Нав, Австралия ва Чилӣ – албатроси антиподӣ ва Бразилия – моҳии чаккушро. То ҳол ба рӯйхати мазкур номи 173 ҷонвар аз саросари ҷаҳон дохил шудааст.

Гуфта мешавад, Халил Каримов, раиси идораи “Сайду саёҳат” ва муҳаққиқи ҳаёти гӯсфандҳои кӯҳии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал изҳор доштааст, ки уриолҳо ҳамеша тағйири макон мекунанд ва агар тобистонро дар як гӯша гузаронанд, зимистон ба ҷойи дигар мераванд ва ҳеч марзу бумро намешиносанд.

“Гӯсфандҳои бухороӣ бештар дар нуқтаҳои марзӣ дида мешаванд. Масалан, дар байни сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрону Туркманистон, Покистону Ҳинд ва ҷойҳои дигар. Ҳамеша дар ҳоли муҳоҷират ҳастанд. Ворид кардани онҳо ба ин феҳрист барои амалӣ кардани барномаҳои вижаи ҳимояти ин навъи ҷонварҳо мусоидат мекунад”, — зикр кардааст ӯ.

Ба қавли Каримов, гӯсфанди бухороӣ гармиро дӯст медорад ва аз баромадан ба кӯҳҳои баланд парҳез мекунад ва дар “адиру пистазорҳои Шаҳритуз, Қабодиён, Бохтар, Сарсарак, Вахшу Ҳисор дида мешавад”.

Дар санадҳои СММ гуфта шудааст, шумори ин ҷонварон дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорҳо сар ҳисоб шуда буд, аммо солҳои охир ба маротиб кам шудааст.

Уриолҳо ба таври гурӯҳӣ зиндагӣ мекунанд ва соле то се дафъа насл меоранд.

Халил Каримов мегӯяд, мисли ҷонварҳои дигар, уриолҳо як бахши муҳими экосистемаи табиӣ ҳастанд, аммо дар қарни 21 мисли бисёр ҷонварҳои ваҳшӣ бо хатари кам шудан рӯбарӯ ҳастанд.

Дар баробари ҳамлаи гургҳо ва гоҳе сагҳои чӯпонӣ, фаъолияти одамон, аз ҷумла, коҳиши чарогоҳҳо, ба нобудшавии онҳо таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.