Пратибҳа Меҳта: Мо аз мушкилоти зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон рӯй намегардонем

Пратибҳа Меҳта, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Соли 2017 Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид як иқдоми бесобиқаро таҳти уновни «Нури рӯшноӣ» дар саросари ҷаҳон барои аз байн бурдани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон то соли оғоз карданд.  

Мо медонем, ки дар саросари ҷаҳон сеяки тамоми занон ҳадди ақал боре дар тӯли умри худ гирифтори зӯроварии ҷинсӣ, ҷисмонӣ ё равонӣ қарор мегиранд. Дар Тоҷикистон маълумоти оморӣ дар ин бобат нопурра аст. Бо вуҷуди ин, 24% занони аз 19 то 49-сола хабар доданд, ки бо хушунати ҷисмонӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва 97% зӯроварон шавҳарони кунунӣ ё собиқи онҳо мебошанд.  

Солҳост, ки зӯроварӣ дар оила ҳамчун масъалаи хусусӣ ҳисобида мешуд, ки касе набояд ба он дахолат кунад ё ҳатто дар бораи он сухан гӯяд. Тарзи фикррониамон зӯроварӣ дар ҷомеаро "муқаррарӣ" намуда, ба айбдор кардани худи занон оварда мерасонад ва рафтори гунаҳкорон, ки бояд барои амали худ – расонидани зӯроварии ҷисмонӣ ё равонӣ нисбат ба занон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, асоснок менамояд.

Дар Тоҷикистон қонунгузорӣ ба мардон ва занон ҳуқуқи баробар медиҳад ва кишвар уҳдадориро оид ба таъмини баробарии гендерӣ қабул кардааст. Вале мо то ҳол яке аз нишондиҳандаҳои пасттарини баробарии гендериро дар минтақаи ИДМ дорем (0.679). Ва сарфи назар далелҳои пешрафти муҳим дар даҳсолаи охир, меъёрҳо ва мафхумҳои нодурусти иҷтимоӣ сабаби то ҳол вуҷуд доштани нобаробарии гендерӣ мешаванд.

Занон ва духтарон ҳанӯз ҳам дар бархурдор шудан аз солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, ҳуқуқ, таҳсилот, имконоти иқтисодӣ ва пешрафт монеаҳои назаррас доранд ва дар қабули қарорҳо аз ҳад кам намояндагӣ мекунанд. Нобаробарии гендерӣ сатҳи баланди зӯровариро нисбат ба занон ва духтарон афзоиш медиҳад, ки он яке аз мушкилоти паҳншудаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Маълумоти муътамад ва пурраи оморӣ ҳамоно кофӣ нестанд, аммо гузоришҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки зӯроварӣ нисбат ба занон дар Тоҷикистон васеъ паҳн гаштаву умумист. Аммо бо вуҷуди он ки қисми зиёди занони оиладор дар мамлакат хушунати хонаводагиро эҳсос мекунанд, танҳо 2% занон аз ин ҳолат хабар медиҳанд ва адолатро меҷӯянд.  

Зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон саломатӣ, шаъну шараф, амният ва мустақилияти наҷотёфтагонро зери хатар мегузоранд. Зӯроварӣ метавонад инчунин оқибатҳои манфиро барои солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, аз ҷумла, мушкилоти солимии равонӣ, ҳомиладории маҷбурӣ ва номатлуб, исқоти ҳамли бехатар, бемориҳои сироятӣ ва ВНМО (ВИЧ) ва ҳатто маргро сабаб шавад. Ин ба иқтисодиёти мо таъсири манфӣ мерасонад – маҳсулнокии кормандонро коҳиш медиҳад, музди корро аз сабаби рухсатии беморӣ паст мекунад, аз хадамоти иҷтимоӣ, низомҳои адлия ва тандурустӣ, инчунин дигар хароҷоти мустақим ва ғайримустақимро талаб мекунад, ки ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. 

Бо шомил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо 193 кишвари ҷаҳон – узви СММ тасмим гирифтааст, ба рушди устувори гуногунҷабҳа дар асоси ҳуқуқи инсон, принсипи баробарӣ ва хотима додан ба ҳама шаклҳои табъиз ва зӯроварӣ ноил гардад. Ҳеҷ яке аз ҳадафҳои ҲРУ наметавонад бидуни маҳви зӯроварии ҷинсӣ ва таъмини баробарии гендерӣ дастрас шавад.

Соли 2020 оғози Даҳаи амал то соли 2030 барои суръатбахшии ноил шудан ба ҲРУ мебошад ва он ҳамчунин соли баррасии глобалии 25 соли пешрафт дар амалисозии Эъломияи Пекин ва Платформаи амалиёт – нақшаи чаҳонӣ барои тавонмандсозии занон ва духтарон мебошад.

Дар ин лаҳзаи муҳим, дар доираи тағйироти сиёсӣ ва ислоҳоти қонунгузорӣ барои мубориза бо зӯроварии гендерӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид як иқдоми умумиҷаҳониро бо номи «Нури рӯшноӣ» барои пешбурди амали фаврӣ оғоз карданд. Ин ташаббус яке аз бузургтарин сармоягузориҳои ҷаҳон барои истифодаи иродаи сиёсӣ ва амал дар ислоҳоти қонунҳо ва сиёсатҳо, тақвияти сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, андешидани чораҳои пешгирикунанда, расонидани хидматҳои муҳим барои ҷабрдидагон, такмил додани маълумот ва пешбурди амалҳои шаҳрвандӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон ташаббуси «Нури рӯшноӣ» аз соли 2020 то 2023 амалӣ шуда, ба рафъи сабабҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон тавассути равиши бисёрсоҳавӣ ва дастгирии наҷотёфтагон кумак хоҳад кард. Онро созмонҳои гуногун, аз чумла, Сохтори СММ оид ба масоили занон, Барномаи рушди СММ, Хазинаи нуфуси СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии Ҳукумати ҶТ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ва созмонҳои динӣ амалӣ мекунанд.

Он ба барномаҳои мавҷудаи Ҳукумат ва шарикони гуногуни рушд, ки ба пешбарии баробарии гендерӣ мусоидат мекунанд ва иҷрои Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи чораҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 2000 қабул шудааст ва инчунин қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки аз соли 2013 мавриди амал қарор дорад, асос хоҳад ёфт.

Ҳадафи ташаббуси «Нури рӯшноӣ» дар Тоҷикистон хеле бамаврид аст: тағйири муносибатҳо, иваз кардани фикрронӣ нисбат ба нобаробарии гендерӣ ва дигар меъёрҳои номатлуб, ки монеаи калонтарин дар рафъи табъиз ва зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон мебошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...