Ҳалокати 2 нафар бар асари садамаи нақлиёт дар Суғд

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин садамаи марговар дар қаламрави ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст. Гуфта мешавад, сокини ҳамин ноҳия, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Шералӣ Комиловии 34-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба канори рости […]

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин садамаи марговар дар қаламрави ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст.

Гуфта мешавад, сокини ҳамин ноҳия, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Шералӣ Комиловии 34-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба канори рости роҳ мебарояд ва чаппа мешавад.

Дар натиҷа мусофири дохили автомашина Раъно Шамсиеваи 37-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мешавад, ки худи ронанда низ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2019 дар қаламрави кишвар 1212 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо 391 нафар ҳалок ва 1314 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар муқоиса бо соли 2018 шумори садамаҳои нақлиёт 73 ҳодиса, ҳалокати шаҳрвандон – 4 ҳолат ва ҷароҳат бардоштан – 42 ҳолат камтар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.