Оғози таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳимоя аз табъиз” дар Тоҷикистон

Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳимоя аз табъиз” оғоз карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз парлумони кишвар хабар дод. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он аз намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), мутахассисони Вазорати адлия ва вакилони парлумон […]

Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳимоя аз табъиз” оғоз карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз парлумони кишвар хабар дод.

Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он аз намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), мутахассисони Вазорати адлия ва вакилони парлумон иборат аст.

Бо дастури сарвари давлат, қабл аз пешниҳоди лоиҳаи қонун ба ҳукумат ва парлумон, он бояд мавриди баррасии васеи аҳли ҷомеа, бахусус, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирад.

Тавре дар парлумон қайд карданд, дар самти таҳияи лоиҳаи қонун аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ истифода мешавад.

Ба ақидаи таҳиягарони лоиҳаи қонун, он бояд ба талошҳои давлат дар кори беҳбуди ҳимоя аз табъизи нажодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва дигар навъҳои поймолсозии ҳуқуқ мусоидат кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.