Рустами Эмомалӣ раисони 17 шаҳри дунёро ба ҷашни Наврӯзи Душанбе даъват кард

Аваз Юлдошев

Чорабинии асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Душанбе рӯзи 21-уми март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” бо намоиши театришуда таҳти унвони “Мо ворисони Наврӯз” доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати Душанбе ва маҳаллаҳои шаҳр сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт баргузор мешавад. Барои онҳо консерту намоишгоҳҳо, озмуну дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ пешкаш мегардад.

Мувофиқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, рӯзҳои ҷашни Наврӯз тарбиягирандагони кӯдакистону мактабҳо аз осорхона ва боғҳои шаҳр боздид карда, ҳамчунин байни наврасон мусобиқаи футболи хурд ташкил мешавад.

Рӯзҳои 23 ва 24 март дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ ва пойгаҳои аспдавонӣ доир мегардад. Ғолибони мусобиқаҳо бо ҷоизаҳои махсуси раиси пойтахт қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Чун соли гузашта Рустами Эмомалӣ бо дархости иштирок дар ҷашни Наврӯзи Душанбе ба 17 нафар раисони шаҳрҳои ҷаҳон, ки бародаршаҳри пойтахти Тоҷикистон мебошанд, даъватнома фиристод.

Даъватномаи раиси пойтахт ба раисони шаҳрҳои зерин фиристода шудааст: Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), Клагенфурт (Австрия), Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), ҳамчунин Мазори-Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Русия), Минск (Беларус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин).

Ғайр аз ин, раиси пойтахти Тоҷикистон ба шаҳрдориҳои Маскаву Тошканд низ даъватномаҳо ирсол кард.

Ёдрас мекунем, ки чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз имсол дар вилояти Суғд баргузор мешаванд. Дар онҳо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...