Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дархости ташкилоти (ҶДММ) “Лидер Иншуренс”-ро оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ кардааст.
Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, тибқи қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 13-уми феврал, иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”, ки барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ аз 24 январи соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Гуфта мешавад, идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки тағйироти дахлдорро дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид кунад.
ҶСП Ташкилоти суғуртавии “Ориён Иншуранс” 18 майи соли 2004 таъсис дода шуда, соли 2015 ба “Лидер Иншуренс” табдили ном кард. Дар феҳристи ягонаи БМТ ширкати суғуртавӣ ҳамчун ҶДММ “СО Лидер Иншуренс” бо сармояи оинномавии 500 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мувофиқи рӯйхат, ягона саҳмиядор (100%-и саҳмия) шахси воқеӣ Раҳматулло Яқубҷон мебошад.
Ҳамин тариқ пас аз барҳамдиҳии “Лидер Иншуренс” дар бозори суғуртаи Тоҷикистон тибқи маълумоти БМТ, 18 ширкати суғуртавӣ: 16 ғайридавлатӣ ва 2 давлатӣ боқӣ монданд.
Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ) ва ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб меёбанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


