“Азия-Плюс” хабарнигорони мардумӣ меҷӯяд

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” интихоби хабарнигорони мардумиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон эълон мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳимаш хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфти рӯйдодҳои шавқовар аст.

Барои хабарнигори мардумӣ шудан ва ба ҳайати мо шомил гардидан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед.

Зимнан:

– доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо ҳатмӣ нест

– барои мо фарқ надорад, ки шумо дипломи рӯзноманигор доред ё на

– тамоман муҳим нест, ки шумо аз пойтахт ё аз гӯшаи дурдасти Тоҷикистонед

– мо ба синни шумо аҳаммият намедиҳем

Муҳим:

– хоҳиши кор доштани шумо

– тавони иҷрои саривақтии супориш

– қобилияти омӯзиш

– маҳорати дарёфти мавзӯъи шавқовар дар он ҷойе, ки дигарон пай намебаранд

Дигарашро мо худамон ба шумо меомӯзонем: чӣ гуна навиштани маводи шавқовар ба забонҳои тоҷикиву русӣ, наворбардории гузоришҳои зебои видеоӣ ва омода кардани суратгузоришҳои ҷолиб. Ҳаққи заҳмати шумо, бешубҳа, пардохт мешавад.

Хабарнигорони мардумӣ дар асоси озмун интихоб мешаванд.

Бесаброна мунтазири шумоем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...