“Азия-Плюс” хабарнигорони мардумӣ меҷӯяд

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” интихоби хабарнигорони мардумиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон эълон мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳимаш хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфти рӯйдодҳои шавқовар аст. Барои хабарнигори мардумӣ шудан ва ба ҳайати мо шомил гардидан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед. Зимнан: – доштани таҷрибаи корӣ дар […]

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” интихоби хабарнигорони мардумиро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон эълон мекунад. Доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо барои номзадҳо ҳатмӣ нест. Муҳимаш хоҳиши омӯзиш ва қобилияти дарёфти рӯйдодҳои шавқовар аст.

Барои хабарнигори мардумӣ шудан ва ба ҳайати мо шомил гардидан, шуморо лозим аст, ки дархости онлайниро дар ин суроға пур кунед.

Зимнан:

– доштани таҷрибаи корӣ дар расонаҳо ҳатмӣ нест

– барои мо фарқ надорад, ки шумо дипломи рӯзноманигор доред ё на

– тамоман муҳим нест, ки шумо аз пойтахт ё аз гӯшаи дурдасти Тоҷикистонед

– мо ба синни шумо аҳаммият намедиҳем

Муҳим:

– хоҳиши кор доштани шумо

– тавони иҷрои саривақтии супориш

– қобилияти омӯзиш

– маҳорати дарёфти мавзӯъи шавқовар дар он ҷойе, ки дигарон пай намебаранд

Дигарашро мо худамон ба шумо меомӯзонем: чӣ гуна навиштани маводи шавқовар ба забонҳои тоҷикиву русӣ, наворбардории гузоришҳои зебои видеоӣ ва омода кардани суратгузоришҳои ҷолиб. Ҳаққи заҳмати шумо, бешубҳа, пардохт мешавад.

Хабарнигорони мардумӣ дар асоси озмун интихоб мешаванд.

Бесаброна мунтазири шумоем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.