Боздошти 3 сокини Душанбе барои дуздии амволи тоҷири Чин

Дар Душанбе 3 нафар мардон шаҳрванди Чинро ғорат кардаанд. Маълумот дар бораи амволро бо маслиҳати пешакӣ онҳо аз муҳофизи корхонаи мазкур, марди 60-солаи сокини ноҳияи Темурмалик гирифтаанд. Тибқи иттилои ВКД, шаҳрванди 30-солаи Чин, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад, ба мақомоти милитсия муроҷиат карда, дар бораи дуздии амволаш хабар додааст. Шаби 16 ба 17-уми […]

Дар Душанбе 3 нафар мардон шаҳрванди Чинро ғорат кардаанд. Маълумот дар бораи амволро бо маслиҳати пешакӣ онҳо аз муҳофизи корхонаи мазкур, марди 60-солаи сокини ноҳияи Темурмалик гирифтаанд.

Тибқи иттилои ВКД, шаҳрванди 30-солаи Чин, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад, ба мақомоти милитсия муроҷиат карда, дар бораи дуздии амволаш хабар додааст.

Шаби 16 ба 17-уми феврал шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонааш даромада, аз он ҷо ба маблағи умумии 8 ҳазору 800 сомонӣ 8 адад телевизори тамғаи «Ясин»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар содир кардани ин ҷиноят мардони 24, 26 ва 46-сола, сокинони кӯчаи Айнии пойтахтро боздошт кардаанд, ки як нафарашон қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) суд шудааст.  

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.