Иштироки се собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон дар ҷашнҳои 75-солагии Ғалаба дар Маскав

Asia-Plus

Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати Русия дар ҷашнҳо бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов хабар дод, собиқадорон  Мирзо Бегамовро аз Кӯлоб, Шариф Ғафуровро аз Хуҷанд писаронашон Музаффар ва Тоҳир, собиқадори ҷанг аз шаҳри Турсунзода Назар Ашӯровро наберааш Ҷаҳонгир дар сафар ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 184 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Маскав рӯзи 9 май иштирок мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумат хабар доданд, ӯ ҳамчунин дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 8 май дар Маскав баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Аз Тоҷикистон давоми солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳаи набард рафтанд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шуда, 55 ҳазор кас бо ордену медалҳо сарфароз гардbданд ва 64 тоҷикистонӣ бо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав ротаи сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Боз як ротаи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 9 май дар гузашти низомӣ бахшида ба ин ҷашн дар шаҳри Екатеринбурги Русия ширкат меварзад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...