Дар ҷануби Тоҷикистон чорводуздон боздошт шуданд

Бо гумони дуздии 6 сар гов дар ҷануби кишвар 3 нафар дастгир шуданд. Тибқи иттилоии ВКД, сокини 21-солаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи ноҳияи Данғара аз гум шудани 2 сар чорвояш ба ШВКД-и ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кардааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст. Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокинони ноҳияҳои Данғара ва Ҷайҳун – мардони 20, 22 ва […]

Бо гумони дуздии 6 сар гов дар ҷануби кишвар 3 нафар дастгир шуданд.

Тибқи иттилоии ВКД, сокини 21-солаи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи ноҳияи Данғара аз гум шудани 2 сар чорвояш ба ШВКД-и ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кардааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокинони ноҳияҳои Данғара ва Ҷайҳун – мардони 20, 22 ва 28-соларо боздошт карданд.

Инчунин гумонбарони мазкур шаби 13 ба 14-уми феврал аз оғили ҳавлии истиқоматии марди 69-солаи сокини ҳамин ҷамоат 4 сар чорвои калони шохдорро дуздиданд, ки арзиши онҳо ба 4 ҳазору 800 сомонӣ баробар аст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дуздии чорво дар Тоҷикистон зуҳуроти нав нест. Кормандони милитсия аввали соли ҷорӣ дар шимоли кишвар низ 2 нафарро бо гумони дуздии чорво дастгир карда буданд. Гумонбарон молҳоро бо истифода аз сабукрави тамғаи “Nexia” аз оғилҳои мардум тасарруф мекарданд. Арзиши эҳтимолии чорвои рабудаи онҳо қариб 40 ҳазор сомонӣ будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.