Иштироки се собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон дар ҷашнҳои 75-солагии Ғалаба дар Маскав

Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати Русия дар ҷашнҳо бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов хабар дод, собиқадорон  Мирзо Бегамовро аз Кӯлоб, Шариф Ғафуровро аз Хуҷанд писаронашон Музаффар ва Тоҳир, собиқадори ҷанг аз шаҳри Турсунзода […]

Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон бо даъвати ҳукумати Русия дар ҷашнҳо бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов хабар дод, собиқадорон  Мирзо Бегамовро аз Кӯлоб, Шариф Ғафуровро аз Хуҷанд писаронашон Музаффар ва Тоҳир, собиқадори ҷанг аз шаҳри Турсунзода Назар Ашӯровро наберааш Ҷаҳонгир дар сафар ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 184 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Маскав рӯзи 9 май иштирок мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумат хабар доданд, ӯ ҳамчунин дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 8 май дар Маскав баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Аз Тоҷикистон давоми солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳаи набард рафтанд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шуда, 55 ҳазор кас бо ордену медалҳо сарфароз гардbданд ва 64 тоҷикистонӣ бо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав ротаи сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Боз як ротаи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 9 май дар гузашти низомӣ бахшида ба ин ҷашн дар шаҳри Екатеринбурги Русия ширкат меварзад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.