Афзалшоҳ Шодиев аз вазифаи сарвари Филармонияи давлатӣ озод карда шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиев бо фармони вазири фарҳанг аз роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барканор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷойи ӯ Кароматулло Раҳимзода сарвари Филармония таъин гардид. Номбурда қаблан директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд.

“Афзалшоҳ Шодиев аз соли 1985 дар Филармония фаъолият карда, соли 2014 ба вазифаи роҳбарӣ таъин гардид. Тағйироти кадрии имрӯза дар асоси ротатсия сурат пазируфт. Дар мавриди ба кори дигар гузаштани ӯ то ҳол маълумот нест”, – илова кард манбаъ.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев яке аз овозхонҳои номдори кишвар буда, бо сурудҳои “Ҷавонӣ рафт”, “Дили модар”, “Самарқанду Бухоро” ва дигар офаридаҳои худ миёни тоҷикони бурунмарзӣ низ маҳбубияти хос дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...