Афзалшоҳ Шодиев аз вазифаи сарвари Филармонияи давлатӣ озод карда шуд

Имрӯз овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиев бо фармони вазири фарҳанг аз роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барканор шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷойи ӯ Кароматулло Раҳимзода сарвари Филармония таъин гардид. Номбурда қаблан директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд. “Афзалшоҳ Шодиев аз соли 1985 дар Филармония фаъолият карда, соли […]

Имрӯз овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиев бо фармони вазири фарҳанг аз роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барканор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба ҷойи ӯ Кароматулло Раҳимзода сарвари Филармония таъин гардид. Номбурда қаблан директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд.

“Афзалшоҳ Шодиев аз соли 1985 дар Филармония фаъолият карда, соли 2014 ба вазифаи роҳбарӣ таъин гардид. Тағйироти кадрии имрӯза дар асоси ротатсия сурат пазируфт. Дар мавриди ба кори дигар гузаштани ӯ то ҳол маълумот нест”, – илова кард манбаъ.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев яке аз овозхонҳои номдори кишвар буда, бо сурудҳои “Ҷавонӣ рафт”, “Дили модар”, “Самарқанду Бухоро” ва дигар офаридаҳои худ миёни тоҷикони бурунмарзӣ низ маҳбубияти хос дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.