Кумаки Олмон ба Тоҷикистон дар соддагардонии расмиёти савдо

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Созмони ҳамкориҳои байнулмилалии Олмон (GIZ) Созишнома доир ба соддагардонии расмиёти савдоро имзо карданд. Ин созишнома рӯзи 19-уми феврал аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва директори GIZ Сабина Олтхоф  имзо шуд. “Созишнома ба соддагардонии расмиёти савдо ва транзит, такмили низоми идораи сарҳадот, чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба […]

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Созмони ҳамкориҳои байнулмилалии Олмон (GIZ) Созишнома доир ба соддагардонии расмиёти савдоро имзо карданд.

Ин созишнома рӯзи 19-уми феврал аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва директори GIZ Сабина Олтхоф  имзо шуд.

“Созишнома ба соддагардонии расмиёти савдо ва транзит, такмили низоми идораи сарҳадот, чорабиниҳои озмоишӣ-инноватсионӣ доир ба соддагардонии расмиёти савдо, инчунин иштироки бахши хусусӣ дар раванди қабули қарорҳо вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо равона шудааст”, – қайд мешавад дар хабари дафтари матбуоти Вазорат.

Гуфта мешавад, Созишнома аҳаммияти минтақавӣ дошта, маблағи умумии он 7 млн.евро мебошад ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро дар бар мегирад.

Зикр мегардад, ки муҳлати амалисозии лоиҳа дар бораи соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон се сол: 2020-2023 муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...