Ҳимоятгар зимни тасарруфи 1500 доллар дар Душанбе дастгир шуд

Адвокат ҳангоми гирифтани 1500 доллар, ки онро гӯё барои ҳалли баҳси манзил ба судя медодааст, боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст. Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҶТ, 14-уми январи соли равон шаҳрванд “А” бо ариза ба раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки […]

Адвокат ҳангоми гирифтани 1500 доллар, ки онро гӯё барои ҳалли баҳси манзил ба судя медодааст, боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҶТ, 14-уми январи соли равон шаҳрванд “А” бо ариза ба раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки нисбат ба ҳимоятгари Маслиҳатхонаи ҳуқуқии №1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иноятова Парвина Саидмировна чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Номбурда бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гӯё ба воситаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба манфиати шаҳрванд “Б” ҳал кардани баҳси манзил маблағи 3000 сомонӣ пешакӣ гирифта, боз маблағи 15000 сомонии дигар талаб кардааст.

Аз рӯйи ин ҳолат нисбат ба Иноятова П.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.