Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Тоҷикистон солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳудуди Гвардияи милии Тоҷикистон бо иштироки наздики 8 ҳазор нафар сарбозону афсарони сохторҳои қудратии кишвар гузашти ҳарбии тантанавӣ баргузор мешавад. Дар ин сафороии низомӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, гузаштро вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад. […]

АНОНС

– Дар Тоҷикистон солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо сафороии низомӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳудуди Гвардияи милии Тоҷикистон бо иштироки наздики 8 ҳазор нафар сарбозону афсарони сохторҳои қудратии кишвар гузашти ҳарбии тантанавӣ баргузор мешавад. Дар ин сафороии низомӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, гузаштро вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо фармондеҳӣ мекунад.

– Оғози даври финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум:

11:00 – «Истаравшан» – ССКА (КМВА) ВМ ҶТ. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ;

11:00 – «Душанбе-83» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ;

15:00 – «Равшан» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ;

15:00 – «Хатлон» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

– Дар шаҳри Дюсселдорф (Олмон) мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо оғоз мегардад, ки дар он 11 нафар варшигарони тоҷик иштирок мекунанд. Мухлисӣ мекунем!

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6927 сомонӣ;

1 евро – 10.4594 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2012 — Дар Маскав маросими ифтитоҳи Маркази фарҳанги тоҷикони «Хайём» доир гардид.

2013 — Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ба гарав гузоштани замин қабул шуд.

2017 — Рустами Эмомалӣ ба пахши аввалин барномаи шабакаи телевизионии «Футбол» оғоз бахшид.

1921 — Мавлуди тарҷумон ва журналист Иброҳим Раҳматов.

1940 — Зодрӯзи доктори илмҳои биология, профессор Оғоназар Ҳақназаров.

1948 — Мавлуди овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Назаралӣ Холов.

1948 – Зодрӯзи нависанда ва публисист Муҳаммадҷон Мирзошоев.

1953 — Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Муҳаммадҷонова.

1959 — Зодрӯзи Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.

Соҳибҷашнҳоро бо зодрӯзашон таҳният мегӯем!

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи байнулмилалии забони модарӣ (International Mother Language Day), ки аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО 17 ноябри соли 1999 бо мақсади мусоидат ба фарҳанги гуногуншаклӣ ва бисёрзабонӣ  таъсис дода шуд.

Ҳамасола 21 февралро аксари шаҳрҳои маркази сайёҳии дунё ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии роҳбалад ё худ роҳнамо (экскурсовод)-и саёҳат ҷашн мегиранд.

172 сол пеш дар ин рӯз  Карл Маркс ва Фридрих Энгелс «Манифести ҳизби коммунист» – аввалин ҳуҷҷати барномавии коммунизми илмиро нашр карданд, ки нахустин барномаи ташкилоти байнулмилалии коммунистӣ шуд. 

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 12-17 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 17-22° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 4-9° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 21-26° хунук, рӯзона 3-8° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3-8° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 18+20° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6-8° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.