Шаҳрдории Душанбе ба кам кардани маршруткаҳо идома медиҳад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе барои бартараф кардани мушкили танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт қарори навбатӣ қабул кард. 

Шурӯъ аз имрӯз – 24-уми феврал теъдоди микроавтобусҳо (маршруткаҳо) дар хатсайрҳои №8: “Фурудгоҳи кӯҳна” – маҳаллаи Зарафшон ва №19: Маҳаллаи Пахтакор – маҷмааи савдои “Кӯшониён” кам гардида, шумори автобусҳои мусофирбари тамғаи «AKIA» дар ин самтҳо зиёд карда мешавад.

Дар навбати худ, шумори автобусҳо дар хатсайрҳои №33 (“Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои “Кӯшониён) ва №29 (маҳаллаи Пахтакор – МС “Кӯшониён”) афзудааст.

Ёдрас мекунем, аз 3-юми феврал дар хатсайрҳои мусофирбари №2 (маҳаллаи Пахтакор – бозори “Меҳргон”) ва №25 (маҳаллаи Зарафшон – бозори “Меҳргон”) низ шумори микроавтобусҳо кам шуда, бештар хизматрасонии автобусҳо ба мусофирон оғоз гардид.

Таъкид шуд, ки дар ин хатсайрҳо маблағи роҳкиро тариқи низоми “пардохти ғайринақдӣ” бо истифода аз кортҳои нақлиётии пластикӣ пардохта мешавад.

Ба ин васила, шаҳдории пойтахт омодагӣ мегирад, ки дар кӯчаҳои Душанбе тадриҷан микроавтобусҳо аз байн бардошта шуда, ба ҷойи онҳо автобусу троллейбусҳо ба мусофиркашонӣ машғул шаванд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон ба сокинони Душанбе тавсия шудааст, микроавтобусҳои навро, ки барои ивази ҳамаи микроавтобусҳои кӯҳна пешбинӣ мешаванд, озмоиш кунанд. Ба онҳо аз се модел имкони интихоб дода шуд. Ин микроавтобусҳо ду моҳ инҷониб бо хатсайри №16 равуо доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...