Шаҳрдории Душанбе автобусҳоро дар хатсайрҳо зиёд мекунад

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, тасмим гирифтааст, ки шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-ро кам кунад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт хабар дод, шурӯъ аз имрӯз, 3 феврал, дар хатсайрҳои мусофирбари №2 (маҳаллаи Пахтакор – бозори “Меҳргон”), №25 (маҳаллаи Зарафшон- бозори “Меҳргон”) ва №19 (маҳаллаи Пахтакор – […]

Аваз Юлдошев

Шаҳрдории Душанбе бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, тасмим гирифтааст, ки шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-ро кам кунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт хабар дод, шурӯъ аз имрӯз, 3 феврал, дар хатсайрҳои мусофирбари №2 (маҳаллаи Пахтакор – бозори “Меҳргон”), №25 (маҳаллаи Зарафшон- бозори “Меҳргон”) ва №19 (маҳаллаи Пахтакор – маркази савдои “Кӯшониён”) шумори микроавтобусҳо кам шуда, бештар хизматрасонии автобусҳо ба мусофирон оғоз мегардад.

Дар ин хатсайрҳо маблағи роҳкиро тариқи низоми “пардохти ғайринақдӣ” бо истифода аз кортҳои нақлиётии пластикӣ пардохта мешавад.

Ба ин васила, шаҳдории пойтахт ба он омодагӣ мегирад, ки дар кӯчаҳои Душанбе тадриҷан микроавтобусҳо аз байн бардошта шуда, ба ҷойи онҳо автобусу троллейбусҳо ба мусофиркашонӣ машғул мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.